«Амонатбонк» ва «Беларусбанк» табодули таҷриба мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Беларусбанк» ва «РСК БАНК»- Қирғизистон дар доираи ҷаласаи 15-уми Иттиҳоди Байнибонкии /ИББ/ Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир гардид, Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд. Санадҳои ҳамкориро раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ раиси Раёсати ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич ва раиси Раёсати «РСК БАНК»-и Қирғизистон Азизбек Оморкулов имзо намуданд.
Тавре аз БДА «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаҳои баимзорасида барои тақвияти густариши ҳамкории байнибонкии кишварҳои аъзои ИББ СҲШ нақши муассир мегузоранд.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи 15-уми ИББ СҲШ раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо раиси ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич вохӯрӣ анҷом дода, дар он масоили густариши ҳамкории муштарак байни «Амонатбонк» ва «Беларусбанк»-ро баррасӣ намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари мулоқот қарор дошт, ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳо, ҳамзамон табодули таҷрибаи тарафайн, такмили дониши мутахассисон дар марказҳои таълимии «Беларусбанк» ба шумор мерафт. Тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби сармоя ва баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳа саривақтӣ буда, барои соҳибкорони ватанӣ низ дар самти воридот ва содироти молу маҳсулот манфиатовар мебошад.
Мусаллам аст, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» узви Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай буда, ҳамасола дар ҷаласаҳои он иштирок менамояд.








Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд






