«Амонатбонк» ва «Беларусбанк» табодули таҷриба мекунанд

Июнь 17, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»,  «Беларусбанк» ва «РСК БАНК»- Қирғизистон дар доираи ҷаласаи 15-уми Иттиҳоди Байнибонкии  /ИББ/ Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон доир  гардид, Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида  шуданд. Санадҳои ҳамкориро раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ раиси Раёсати ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич ва раиси Раёсати  «РСК БАНК»-и Қирғизистон Азизбек Оморкулов имзо намуданд.

Тавре аз БДА «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Созишномаҳои баимзорасида барои тақвияти густариши ҳамкории байнибонкии  кишварҳои аъзои ИББ СҲШ нақши муассир мегузоранд.

Ҳамзамон дар доираи ҷаласаи 15-уми ИББ СҲШ раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо раиси ҶСК «Беларусбанк» Виктор Ананич вохӯрӣ анҷом дода, дар он масоили густариши ҳамкории муштарак байни «Амонатбонк» ва «Беларусбанк»-ро баррасӣ намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари мулоқот қарор дошт, ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ миёни бонкҳо, ҳамзамон табодули таҷрибаи тарафайн, такмили дониши мутахассисон дар марказҳои таълимии «Беларусбанк» ба шумор мерафт. Тавсеаи ҳамкорӣ  ҷиҳати ҷалби сармоя ва баланд бардоштани дониши мутахассисони соҳа саривақтӣ буда, барои соҳибкорони ватанӣ  низ дар самти воридот ва содироти молу маҳсулот манфиатовар мебошад.

Мусаллам аст, ки  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» узви Иттиҳоди байнибонкии Созмони  Ҳамкории Шанхай буда, ҳамасола дар ҷаласаҳои  он иштирок менамояд.

Июнь 17, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст