Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар таҷлил мегардад. Дар ин робита, дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» масъалаи бемории нашъамандӣ, ки яке аз мушкилоти глобалӣ ба шумор рафта, он ба ҳаёти одамон ва солимии ҷомеа таҳдид мекунад, баррасӣ мешавад. Мусаллам аст, ки дар сурати ба роҳ намондани муборизаи беамон алайҳи ин раванди номатлуб, теъдоди истифодабарандагони маводи нашъаовар дар миёни аҳли башар рӯ ба афзоиш оварда, ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар мегузорад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар одамон ба ин беморӣ гирифторанд? Аз ин беморӣ чӣ гуна бояд дурӣ ҷуст? Баҳри раҳоӣ аз он масъулин кадом тадбирҳои зарурӣ меандешанд?
Мутахассисони соҳа ба ин саволҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзӯъ дар барномаи мазкур ба Шумо посух ва маълумот медиҳанд.
Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» имрӯз, 26 июни соли 2019, соати 10:30 ва такроран соатҳои 14:30 ва 20:30 пешниҳоди шунавандагон мегардад. Муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода.








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






