Барои кормандони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе машғулият оид ба ТАС гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 21 июни соли 2019 дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» давраи сеюм ва ниҳоии машғулият оид ба Таълим дар асоси салоҳият (ТАС) доир гардид.
Машғулияти мазкур барои кормандони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда, дар он 74 нафар омӯзгорон иштирок намуданд. Машғулият аз ҷониби мутахассиси байналмилалӣ оид ба ТАС Йохан Шустередер ва мутахассис оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимии лоиҳа Санавбар Қосимова гузаронида шуд. Тавре дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, яке аз ҳадафҳои асосии машғулият ин баҳогузорӣ ва интихоби тренерон мебошад. Мутобиқи нақша пас аз гузаштани машғулиятҳо бояд тренерҳои интихобшуда ба омӯзгорони литсейҳои мамлакат методологияи таълим дар асоси салоҳиятро омӯзанд.
Омӯзиши мазкур дар асоси яке аз нишондиҳандаҳои лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» роҳандозӣ шуда, давраи якум ва дуюми он солҳои 2017 — 2018 гузаронида шуд.
Машғулияти навбатӣ барои тренерони оянда моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 роҳандозӣ шудааст.
Мақсади асосии Лоиҳа омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Инчунин он дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида аст.








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






