Барои кормандони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе машғулият оид ба ТАС гузаронида шуд

Июнь 24, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 21 июни соли 2019 дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» давраи сеюм ва ниҳоии машғулият оид ба Таълим дар асоси салоҳият (ТАС) доир гардид.

Машғулияти   мазкур барои кормандони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда, дар он 74 нафар омӯзгорон иштирок намуданд.  Машғулият  аз ҷониби мутахассиси байналмилалӣ оид ба ТАС Йохан Шустередер ва мутахассис оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимии лоиҳа Санавбар Қосимова гузаронида шуд. Тавре дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, яке аз ҳадафҳои асосии машғулият ин  баҳогузорӣ ва интихоби тренерон мебошад. Мутобиқи  нақша пас аз гузаштани машғулиятҳо бояд тренерҳои интихобшуда  ба омӯзгорони литсейҳои мамлакат методологияи таълим дар асоси салоҳиятро омӯзанд.

Омӯзиши  мазкур дар асоси яке аз нишондиҳандаҳои лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» роҳандозӣ шуда, давраи якум ва дуюми он  солҳои 2017 — 2018 гузаронида шуд.

Машғулияти навбатӣ  барои тренерони оянда моҳи августи соли равон  ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 роҳандозӣ шудааст.

Мақсади  асосии Лоиҳа омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад. Инчунин он  дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-теникӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои литсейҳои касбии техникӣ, марказҳои таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида аст.

Июнь 24, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад