«Чоряк аср ҳамнафас» — китобе, ки ёди ёри меҳрубон дорад

Июнь 7, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори муҳаққиқи шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Усмонҷони Ғаффор нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби ёддошти тарҷумони маъруф, узви иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамсари адиби забардаст Абдулло Қаҳҳор – Кибриё Қаҳҳороваро (Лутфуллоева), ки ба хотираи неки шавҳараш бахшида шудааст,  бо номи «Чоряк аср ҳамнафас» аз чоп баровард.

Китоби «Чоряк аср ҳамнафас», ки соли 1988 бори аввал дар чанд шумораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шудааст, хеле самимона ва бо забони дилчасп иншо гардидааст. Ин асар боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки дар он равандҳои адабӣ дар ду ҷумҳурии ҳамсоя ва дӯстии адибони тоҷику ӯзбек ва рус дар тӯли як давраи калон инъикос ёфтаанд.

Ба гуфтаи онҳое, ки Абдулло Қаҳҳору ҳамсарашро мешинохтанду бо онҳо равуо доштанд, зану шавҳар дар хона танҳо бо забони модариашон- тоҷикӣ ҳарф мезаданду муошират мекардаанд.

Абдулло Қаҳҳоров, ки зодаи деҳаи Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд мебошад, дар Ӯзбекистон ба камол расида, чун нависандаи тавоно ном баровард ва ӯро Чехови ӯзбек мегуфтанд.

Кибриё Каҳҳорова соли 1914 дар шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст ва фаъолияти меҳнатиашро дар нашриёт зери сарпарастии устод Садриддин Айнӣ шурӯъ намудааст. Баъдан бо тавсияи устод ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил шудааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳидояти Бобоҷон Ғафуров Кибриё Қаҳҳорова барои кор ба рӯзномаи навтаъсиси «Фрунзечӣ» дар шаҳри Тошканд сафарбар мегардад.

Дар он ҷо бо амри тақдир бо Абдулло Қаҳҳор шинос мешавад ва дере нагузашта ду дилбохта издивоҷ мекунанд. Онҳо якҷо 25 сол зистанд ва чунончи аз унвони китоб бармеояд, чоряк аср ҳамнафас буданд. Ин ду шахси соҳибистеъдод ҳамкории зичи эҷодӣ доштанд ва ба якдигар кумак мерасониданд, маслиҳатҳои муфид медоданд. Ҳарду ҳам хеле пурмаҳсул буданд.

Кибриё Қаҳҳорова асосан ба тарҷума, аз русӣ ба ӯзбекӣ ва аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ машғул будааст. Аз ҷумла, баъзе асарҳои шавҳарашро ба забони тоҷикӣ баргардон кардааст. Хизмати калони К. Қаҳҳорова иборат аз он аст, ки романи «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстойро дастраси хонандагони ӯзбекзабон гардонидааст.

Абдулло Қаҳҳор на фақат насрнавис, балки драматурги моҳир низ буд. Аз рӯи песаҳои ӯ «Ҷон модаракон»-у «Садо аз тобут» дар Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектаклҳо гузошта шуда буданд ва аз ҷониби тамошобинон баҳои баланд гирифтанд.

Камина ҳам чанд сол пеш дар бораи Кибриё Қаҳҳорова очерке бо номи «Қиссаи бонуи соҳибқалам» нависта будам, ки дар шакли як китобча бо се забон – тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ дар нашриёти «Адиб» чоп шуд.  Ҳоло нусхаҳои ин китобча дар осорхонаи Абдулло Қаҳҳору Кибриё Қаҳҳорова ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон маҳфузанд.

Мансур СУРУШ,
шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад