Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing» Рӯзи миллии Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи август дар доираи намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing», ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гӯшаи Тоҷикистон дар «EXPO 2019», ки 29 апрели соли равон дар Пекин ифтитоҳ гардид, таҳти шиори «Боғдорӣ дар руши деҳот» фаъолият дошта, яке аз сербинандатарин гӯшаҳо маҳсуб мешавад. Аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ асосан шаҳрвандони Чин ва кишварҳои хориҷӣ, сайёҳон, ҳамзамон шаҳрвандони тоҷик — донишҷӯён, нафароне, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор доранд, боздид менамоянд. Онҳо бо таърих, фарҳанги миллии тоҷикон, иқтидори захираҳои бои обию энергетикӣ, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рушди санъати боғдорӣ дар Тоҷикистон ошно мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки «EXPO-2019» дар Пекин таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» гузаронида шуда, он зарфи панҷ моҳ идома меёбад. Интизор меравад, ки аз намоишгоҳи мазкур 16 млн нафар боздид намоянд. Намоишгоҳи «EXPO-2019» дар масоҳати 503 гектар дар канори руди Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин доман густурдааст, ки онро «Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин» низ ном мебаранд.
Майдони баргузории намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019» аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.
Дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO-2019» 110 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ва 120 сохторҳои ғайрирасмӣ иштирок доранд, ки дар таърихи баргузории «EXPO» ин нишондод бесобиқа аст.
Дар «EXPO-2019» боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардумони кишварҳои гуногуни сайёра бунёд гардидааст.Барои тамошобинон дар намоишгоҳ толорҳои фарҳанги боғдорӣ, гулу гиёҳҳои рангоранг ороста шудааст, ки боздидкунандагон имкон доранд, аз он беш аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро тамошо намоянд.
Бояд илова намуд, ки намоишгоҳи байналмилаии боғдорӣ «EXPO -2019» макони ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон арзёбӣ гардида, ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳҳо аз ҳам тафовут доранд, вале кишварҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳишашонро барои ҳифзи табиат ва муҳити зист ифода намоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






