Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing» Рӯзи миллии Тоҷикистон доир мегардад

Июнь 18, 2019 14:11

ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи август дар доираи намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO 2019 Beijing», ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дорад, Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, гӯшаи Тоҷикистон дар «EXPO 2019», ки 29 апрели соли равон дар Пекин ифтитоҳ гардид, таҳти шиори «Боғдорӣ дар руши деҳот» фаъолият дошта, яке аз сербинандатарин гӯшаҳо маҳсуб мешавад. Аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ асосан шаҳрвандони Чин  ва кишварҳои хориҷӣ, сайёҳон, ҳамзамон шаҳрвандони тоҷик — донишҷӯён, нафароне, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор доранд, боздид  менамоянд. Онҳо  бо таърих, фарҳанги миллии тоҷикон, иқтидори захираҳои бои обию энергетикӣ, сайёҳӣ,  ҳунарҳои мардумӣ  ва рушди  санъати боғдорӣ дар Тоҷикистон ошно мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки  «EXPO-2019» дар Пекин таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» гузаронида шуда,  он  зарфи панҷ моҳ идома меёбад.  Интизор меравад, ки  аз намоишгоҳи мазкур 16 млн нафар боздид намоянд. Намоишгоҳи  «EXPO-2019» дар масоҳати 503 гектар  дар канори руди Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин доман густурдааст, ки онро «Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин» низ ном мебаранд.

Майдони баргузории  намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019»  аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.

Дар намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ «EXPO-2019»  110 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ва 120 сохторҳои ғайрирасмӣ иштирок доранд, ки дар таърихи баргузории «EXPO» ин нишондод бесобиқа аст.

Дар «EXPO-2019» боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардумони кишварҳои гуногуни сайёра бунёд гардидааст.Барои  тамошобинон дар  намоишгоҳ  толорҳои фарҳанги боғдорӣ, гулу гиёҳҳои рангоранг  ороста шудааст, ки боздидкунандагон имкон доранд, аз он беш аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро тамошо намоянд.

Бояд  илова намуд, ки  намоишгоҳи байналмилаии боғдорӣ «EXPO -2019» макони ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон арзёбӣ гардида, ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳҳо аз ҳам тафовут доранд, вале кишварҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳишашонро  барои  ҳифзи табиат ва муҳити зист ифода намоянд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2019 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд