Дар Душанбе дар доираи лотереяи бурдноки молӣ то имрӯз зиёда аз 60 ҳазор китоб ба фурӯш рафт
ДУШАНБЕ, 08.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷараён дорад.
Тавре директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз қадимулайём тараққиёти ҷомеа ба китоб вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки китобро манбаи илму дониш ва сарчашмаи диёри ақл меҳисобанд. Тавассути китоб одамон аз асрори илму дониш, адабиёту фарҳанг ва иқтисодиёту сиёсат воқиф гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ мегардонанд.
Миллати сарбаланди тоҷик ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт мекард. Тоҷикон онро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омӯзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории ҷумҳурии мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар аст, ки имрӯз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
«Иқдоми мазкурро ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ намудем. Тибқи он ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд»,- иттилоъ дод Давлат Сафар.
Ба зикри номбурда, аз рӯзи аввали баргузории намоиш-фурӯш то ҳоли ҳозир зиёда аз 60 ҳазор китоб ба фурӯш рафтааст, ки ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳавасмандии худро нисбат ба китобу китобдорӣ тақвият медиҳанд.
«Пеш аз ҳама ин иқдом ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани Соли китоб роҳандозӣ мегардад»,- таъкид намуд мавсуф.
Номбурда зикр намуд, ки китобҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ аз ҷиҳати маъно пурмазмун буда, сифати баланду нархи дастрасро доро мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ташаббускорони ин иқдом Муассисаи нашриявии «Адиб» ба шумор рафта, намоиши мазкур дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.
Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рӯзи шанбе то 22 июни соли равон аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст гардида, нафарони ғолиб соҳиби туҳфаҳои арзанда мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад






