Дар Хатлон маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодашон гузаштаро нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 6 ҳазору 688кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ки муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат қарор доштанд, нобуд карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин иқдом аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд.
Тавре сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Одина Шарифзода иттилоъ дод, аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда беш аз 70 фоизашонро ширкатҳои фармасевтии дар минтақа фаъолияткунанда, дар асоси мактуб барои несту нобуд кардан ба сарраёсат супоридаанд. Боқимондаи мавод дар рафти санҷишҳои мутахасисиони сарраёсат аз дорухонаҳо, нуқтаҳои доруфурӯшӣ ва муассисаҳои тандурустӣ аз муомилот гирифта, сӯзонида шудаанд.
Ба гуфтаи О.Шарифзода, дар қиёс ба солҳои қаблӣ сатҳи масъулиятшиносии соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ баланд мегардад. «Онҳо кӯшиш мекунанд, ки маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаро сари вақт аз муомилот гирифта, барои несту нобуд намудан ба сарраёсат супоранд»,-афзуд ӯ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






