Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид

Июнь 21, 2019 14:48

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд-2019» ифтитоҳ гардид. Дар ярмаркаи мазкур намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон,Ӯзбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон, ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ ширкат доранд. Дар доираи баргузории ярмаркаи зикршуда Форуми якумини ҳунармандон низ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, зимни ифтитоҳи   чорабинӣ  раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки  ярмаркаи байналмилалии савдо бори шашум аст,  ки доир мегардад ва ҳадафи  он баланд бардоштани неруи содиротӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир  мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи  байналмилалӣ, ки он ду рӯз идома меёбад,  ташкили Форуми байниминтақавии дар мавзӯи «Ҳамкорӣ, имкониятҳо ва дурбинӣ», «Башаклдарории системаи нақлиётӣ-логистикӣ, барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид: имкониятҳо ва талабот», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона VI», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин  ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.

Июнь 21, 2019 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд