Дар саҳни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ қомат афрохт
ДУШАНБЕ, 22.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар пайи дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни факултети санъат муҷассамаи шоири барҷастаи форс-тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, инчунин қаҳрамонҳои асарҳои шоирони адабиёти классикии тоҷик, Сиёвуш, Фарҳоду Ширин ва муҷассамаи гурзпартои шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров қомат афрохт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд.
Бино ба хабари сарчашма Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷараёни дифои рисолаҳои хатми донишҷӯёни санъат иштирок карда, дар роҳи таҳким ва таҷдиди атрофи муҷассама ва бо ин васила, барои вусъат бахшидани корҳои эҷодию бедор намудани ҳисси зебоипарастии донишҷӯён ба садорати факултети санъат ва факултети санъати тасвирӣ ва технология тавсияҳои судманд ироа дошт.
Мавриди зикр аст, ки хатмкунандагони ихтисоси ҳайкалтарошии факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – Даврон Воситӣ, Сатторхӯҷа Тошхӯҷаев, Камол Муъминов ва Комилҷон Ҳасанов бо роҳбарии академики Академияи мусавварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Маҷидов рисолаҳои хатмро бо пешкаши маҳсули эҷод, яъне сохтани муҷассамаҳои фавқуззикр дифоъ намуданд.













Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






