Дар Санкт-Петербург нақши парлумонҳоро дар муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ муҳокима мекунанд

Июнь 20, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 20.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия «Нақши дипломатияи парлумониро дар ҳалли масоили рӯзномаи байналмилалӣ» дар муҳокимаҳои парлумонӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «БелТА» хабар медиҳад.

«Чорабинӣ дар асоси қарори иҷлосияи 55-уми Маҷлиси парлумонӣ баргузор мегардад ва ба баррасии масоили таҳияи тадбирҳо ва роҳҳои муқовимати ҷомеаи парлумонӣ ба таҳдидҳои амнияти байналмилалӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои таъмини ҳамгироии муттасили парлумонӣ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ бахшида мешавад», — омадааст дар хабар.

Барои иштирок дар муҳокимаҳо вакилони парлумон аз Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, баъзе аз кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ даъват карда мешаванд. Илова бар ин, дар муҳокимаҳо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сиёсатшиносон, олимон ва коршиносони варзида дар назар аст. Ташкилкунандагон Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Россия ва Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.

Июнь 20, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид