Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи комиссия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.
Дар ҷаласа ҷараёни татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иброз гардид, ки бо дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ фароҳам оварда шудаанд.
Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030, қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030» ба хотири пешбурди рушди ислоҳот имконоти нав ба вуҷуд оварданд. Таъкид карда шуд, ки дар доираи ташаккули заминаи ҳуқуқии соҳа зиёда аз 77 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ба низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ беш аз 3 ҳазору 500 сохтори давлатӣ пайваст шуд, беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ ба тариқи портали электронӣ ба роҳ монда шуданд. Гузариш ба хизматрасониҳои пурраи электронӣ ва сатҳи ҳамгироии низомҳои соҳавӣ тақвиятро тақозо менамояд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулияти шахсии роҳбарони вазорату идораҳоро барои натиҷаи ислоҳоти рақамӣ талаб намуданд. Таъкид гардид, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ бо беҳтар шудани дастрасӣ ба сифати хизматрасониҳо, коҳиши расмиёти зиёдатӣ, шаффофияти амалиёт ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамгироии низомҳо, пешгирии хароҷоти такрорӣ, муносибгардонии равандҳо, ихтисори ҳуҷҷатҳои нолозим бояд ҷузъи доимии татбиқи ислоҳот бошад. Вобаста ба ин таҳия ва татбиқи нақшаҳои мукаммали соҳавии рақамикунонии соҳавӣ вазифаи аввалиндараҷа муайян гардид.
Нақшаҳо бо муайян намудани шахсони масъул, нишондиҳандаҳои ченшаванда ва муҳлатҳои мушаххас таҳия шуда, бояд тамоми соҳаро фаро гиранд.

Дар ҷаласа масъалаи танзими фаъолияти таксиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти таҷрибаи муваффақи давлатҳои минтақа зарур аст, ки механизми нави танзиму фаъолияти таксиҳо амалӣ карда шавад, ки барои ба расмият даровардани фаъолияти таксиҳои ғайрирасмӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, кам кардани монеаҳои маъмурӣ шароит фароҳам оварда шаванд. Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро бозбинӣ карда, расмиёти ҳуҷҷатгузориро сода гардонида, масъалаи ҷудо намудани квота барои фаъолияти таксиро ихтисор намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз имконияти лоиҳаи озмоишӣ тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома, аз ҷумла барои шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти таксӣ ба таври худшуғл мешаванд, тавассути портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ карда мешавад. Дастур дода шуд, ки тартиби мазкур аз 1 январи соли 2027 мавриди амал қарор дода шавад. То ин муҳлат сохторҳои мазкур байни ронандагон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба тартиби муроҷиат ва гирифтани иҷозатнома васеъ ба роҳ монанд.
Дар бахши молияи давлатӣ масъалаҳои гузариш аз ҳуҷҷатгузориҳои коғазӣ ба идоракунии электронӣ ва ҳамгироии низомҳои мавҷуда муҳокима карда шуданд.
Ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки рафти рақамикунонии тамоми марҳилаҳои ташаккул, тасдиқ, иҷро ва назорати буҷетро таҳлил намуда, барои бартараф кардани расмиёти такрорӣ ва татбиқи равандҳои ягонаи электронӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ намоянд.
Дар самти андозбандӣ зарурати содагардонии бақайдгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва санҷишҳо, инчунин коҳиши амалиёти дастӣ ва пешгирии санҷишҳои такрорӣ таъкид гардид. Масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки технологияҳои назоратӣ дар гузаргоҳҳо ва рушди механизмҳои рақамии воридот, аз ҷумла барои молҳои савдои электронӣ баррасӣ гардида, дар ин самт низ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Махсус таъкид гардид, ки дар дидбонгоҳҳои гумрукие, ки бо низомҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти зарурии технологӣ таъмин мебошанд, минбаъд ба ҳолатҳои барасмиятдарории молу маҳсулот бе истифодаи расмиёти электронӣ ва имконияти мавҷудаи технологӣ қатъиян роҳ дода нашавад. Назорати иҷрои қарорҳои комиссия ва аарзёбии натиҷаҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ба беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва самаранокии идоракунии давлатӣ равона карда шавад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа ба роҳбарони вазорату идораҳо барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, бартарафнамоии монеаҳои маъмурӣ ва ноил шудан ба натиҷаҳоии воқеии ислоҳоти рақамӣ дастурҳои дахлдор дода шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






