Дар Тоҷикистон V Анҷумани «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» доир мегардад

Июнь 28, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 28.06.2019./АМИТ «Ховар»/. 12 августи соли равон дар ҷумҳурӣ V Анҷумани «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» баргузор мегардад. Дар Анҷумани мазкур фаъолияти солонаи маҳфил баррасӣ гардида, нақшаҳо барои соли хониши 2019-2020 тасдиқ мешаванд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбари маҳфили «Ҷавонони  дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» Каримҷон Салимзода  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар  ин  Анҷуман роҳбарони намояндагии маҳфил дар давлатҳои хориҷ, аъзои фаъоли он ва дигар масъулини соҳа иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории ин Анҷуман ташкили  як силсила чорабиниҳо, аз ҷумла конфронс, мизи мудаввар, тренинг ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар 16 давлати дунё намояндагии худро дорад. Маҳфили мазкур дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат  дар баррасии мушкилоти илмомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва дигар масъалаҳои ба ҳаёти онҳо марбут, мусоидат менамоянд.

Алҳол  шумораи аъзои маҳфил беш аз 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Июнь 28, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд