САЛОМ, ТОБИСТОН! Дар вилояти Суғд 1000 нафар хонандагон ройгон ба лагерҳои истироҳатӣ фиристонда мешаванд

Июнь 11, 2019 10:43

ХУҶАНД, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади фаро гирифтани хонандагон  ба  истироҳати бофароғат дар давраи таътили тобистона беш аз 900 лагерҳои истироҳатӣ фаъол гардонида мешаванд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА.  

Аз ҷумла,  дар 21 лагери беруназшаҳрӣ, 664 лагери наздимактабӣ, 106 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 8 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 129 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ  74 ҳазору 655 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақша дар давраи таътил, дар басти дуюм дар Истироҳатгоҳи кӯдакону наврасон ва ҷавонони «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ташрифи наздики  200 нафар кӯдакону наврасон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Тоҳир Оқилов иттилоъ дод, беш аз 1000 нафар истироҳаткунандагони ин лагерҳо  кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Онҳо ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати хонандагон  бо  Қарори раиси вилояти Суғд   дар вилоят ситоди махсуси «Тобистон — 2019»  таъсис ёфтааст.

Тибқи ин қарор дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрии миқёси вилоят корҳои сохтмонӣ ва таъмир дар  майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ,  инчунин муҷаҳҳазгардонии бино  ба итмом расида, онҳо ба қабули хонандагон омодагӣ  мебинанд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ  аз 20 июн то 1 июл дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба иқлими гарму салқинии ҷойгиршавии лагерҳо фаъолияти онҳо оғоз гардида, тибқи нақша ҳамаи истироҳатгоҳҳо дар се баст фаъолият  мебаранд. Танҳо истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон дар як баст имкони қабули то 300 нафар ва «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷ.Расулов то 250 нафар истироҳаткунандагонро доранд.

Имсол баҳри истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо на кам аз 16 маҳфилҳои гуногун амал хоҳанд кард.

Имрӯзҳо аз  ҷониби масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои фаъолияти мураббиягӣ дар истироҳатгоҳҳо тариқи озмун аз макотиби таҳсилоти миёна омӯзгорони ботаҷриба ба кор қабул карда  мешаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар давраи таътили зимистонаи соли хониши 2018-2019 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 360 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо ба истироҳату фароғат ҷалб гардида буданд.

Июнь 11, 2019 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад