САЛОМ, ТОБИСТОН! Дар вилояти Суғд 1000 нафар хонандагон ройгон ба лагерҳои истироҳатӣ фиристонда мешаванд

Июнь 11, 2019 10:43

ХУҶАНД, 11.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади фаро гирифтани хонандагон  ба  истироҳати бофароғат дар давраи таътили тобистона беш аз 900 лагерҳои истироҳатӣ фаъол гардонида мешаванд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА.  

Аз ҷумла,  дар 21 лагери беруназшаҳрӣ, 664 лагери наздимактабӣ, 106 лагери истироҳатию меҳнатӣ, 8 лагери солимгардонӣ ва машғулиятҳои меҳнатӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 ва 129 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ  74 ҳазору 655 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақша дар давраи таътил, дар басти дуюм дар Истироҳатгоҳи кӯдакону наврасон ва ҷавонони «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ташрифи наздики  200 нафар кӯдакону наврасон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назар аст.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА муовини раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Тоҳир Оқилов иттилоъ дод, беш аз 1000 нафар истироҳаткунандагони ин лагерҳо  кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат мебошанд. Онҳо ройгон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд.

Тибқи иттилои манбаъ, бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил намудани истироҳати хонандагон  бо  Қарори раиси вилояти Суғд   дар вилоят ситоди махсуси «Тобистон — 2019»  таъсис ёфтааст.

Тибқи ин қарор дар лагерҳои варзишию солимгардонии беруназшаҳрии миқёси вилоят корҳои сохтмонӣ ва таъмир дар  майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои оббозӣ,  инчунин муҷаҳҳазгардонии бино  ба итмом расида, онҳо ба қабули хонандагон омодагӣ  мебинанд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ  аз 20 июн то 1 июл дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба иқлими гарму салқинии ҷойгиршавии лагерҳо фаъолияти онҳо оғоз гардида, тибқи нақша ҳамаи истироҳатгоҳҳо дар се баст фаъолият  мебаранд. Танҳо истироҳатгоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон дар як баст имкони қабули то 300 нафар ва «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷ.Расулов то 250 нафар истироҳаткунандагонро доранд.

Имсол баҳри истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар истироҳатгоҳҳо на кам аз 16 маҳфилҳои гуногун амал хоҳанд кард.

Имрӯзҳо аз  ҷониби масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят барои фаъолияти мураббиягӣ дар истироҳатгоҳҳо тариқи озмун аз макотиби таҳсилоти миёна омӯзгорони ботаҷриба ба кор қабул карда  мешаванд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар давраи таътили зимистонаи соли хониши 2018-2019 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 360 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва ғолибони озмуну олимпиадаҳо ба истироҳату фароғат ҷалб гардида буданд.

Июнь 11, 2019 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Чин дар самти таҳқиқоти академӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Ғолибони фестивал-озмуни ҳунармандону косибон аз рӯйи чор номинатсия муайян гардиданд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин ба имзо расид
Оид ба саҳми илм дар амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон конфронси илмӣ доир гардид
Посух ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун
«БЕҲТАРИН УСТО ВА ШОГИРД». Дар Душанбе даври ҷамъбастии фестивал-озмуни ҳунармандону косибон баргузор мегардад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Шаҳри Душанбе бо намоиши либосҳои муосири миллӣ ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! 10-12 май дар бештари қаламрави Тоҷикистон бориши бошиддати борони пешгӯӣ мешавад

Маводҳои таҳлилӣ