Иди Фитрро дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар рафти як маҷлиси уламо рӯзи таҷлили иди саиди Фитрро дар Тоҷикистон эълон кард. Тавре аз Маркази исломии Шӯрои уламои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иди моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон 5 июн таҷлил мешавад.
Намози ид, субҳи 5 июн, соати 06:00 баргузор хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, 1 май Шӯрои уламои Тоҷикистон оғози Рамазонро низ эълон карда буд. Мусалмонони Тоҷикистон аз 6 май рӯза гирифтанд ва рӯзи охирини Рамазон ба 4 июн рост меояд.
Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 5 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо, имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 20 ҳазор сомонии доштаашон 500 сомонӣ закот диҳанд.
Садақаи фитр ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз, барои касоне, ки тавоноии молии бештар доранд, 48 сомонӣ муқаррар гардид.
Барои соҳибони узри шаръӣ, яъне пиронсолону беморон ва нафароне, ки бо сабаб рӯза дошта наметавонанд, фидяи савм ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз, яъне ҳар рӯз 10 сомонӣ муайян карда шуд.
ДАР АКС: ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






