Имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Varesh Airlines» дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод

Июнь 6, 2019 16:16

ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии эронии  «Вориш Эйрлайнз» («Varesh Airlines») имрӯз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод. Соати 11:26 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ин ширкат бо 83 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ҳавопаймои мазкур соати 13:06 дақиқа бо 86 мусофир аз Душанбе ба самти Машҳад парвоз намуд.

«Баъд аз таваққуф ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо дар самти Машҳад-Душанбе дар доираи тавсеаи  ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифтааст», — гуфт муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Азиз Набизода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

А. Набизода афзуд, ки чанде қабл Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии  Эрон «Вориш Эйрлайнз» барои анҷоми парвозҳо дар масири  Машҳад- Душанбе-Машҳад иҷозат дода буд.  Парвозҳои мустақим дар масири мазкур ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, баъдан бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон онҳо афзун гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар масири Душанбе-Теҳрон ва Машҳад-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва Эрон «Осмон Эйр» парвозҳои мустақим анҷом медоданд.

Июнь 6, 2019 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд