Имрӯз ширкати ҳавопаймоии «Varesh Airlines» дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод
ДУШАНБЕ, 06.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии эронии «Вориш Эйрлайнз» («Varesh Airlines») имрӯз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод. Соати 11:26 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ин ширкат бо 83 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ҳавопаймои мазкур соати 13:06 дақиқа бо 86 мусофир аз Душанбе ба самти Машҳад парвоз намуд.
«Баъд аз таваққуф ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо дар самти Машҳад-Душанбе дар доираи тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифтааст», — гуфт муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
А. Набизода афзуд, ки чанде қабл Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон «Вориш Эйрлайнз» барои анҷоми парвозҳо дар масири Машҳад- Душанбе-Машҳад иҷозат дода буд. Парвозҳои мустақим дар масири мазкур ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, баъдан бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон онҳо афзун гардонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар масири Душанбе-Теҳрон ва Машҳад-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва Эрон «Осмон Эйр» парвозҳои мустақим анҷом медоданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






