Ишкошим: 3 ҳазору 56 шиша арақи худсохт мусодира гардид
ХОРУҒ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошим, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбеков дар дохили мошини тамғаи «Дулан», рақами давлатиаш 69 52 ОДЕ 01, ки ба ронанда Раҳматхон Ашрафов, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дар ҳаҷми 227 қуттӣ машруботи спиртии гуногунтамға, ки дар маҷмӯъ 3 ҳазору 56 шишаи арақро ташкил медоданд, ошкор ва мусодира гардид.
Тавре корманди маркази матбуоти РВКД дар ВМКБ Кароматулло Абдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ дод, ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят дар баробари таъмини тартиботи ҷамиятӣ ва риояи волоияти қонун, ҳамчунин дар самти ҳифзи манифатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини бехатарии маҳсулоти хурокворӣ» низ тадбирҳои назаррас меандешад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ муайян гардид, ки қуттиҳои машруботи спиртӣ ба соҳибкорони инфродии деҳаи Ишкошим Рузихон Акрамхонов, Иброҳим Зераков, Пулодбек Юсуфбеков ва сокини деҳаи Вранги ноҳияи мазкур Азорабек Исмоилбеков тааллуқ доранд.
Озмоишгоҳи бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» муайян намуд, ки арақҳои мусодиракардаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд. Ба хусус, машруботи ғайрсатандартӣ ба узвҳои муҳими инсон ба мисли ҷигар, мағзи сар, меъда ва дилу рагҳо зарари вазнин мерасонанд.
Мутаассифона, ин бори аввал нест, ки соҳибкорони номбурда қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро риоя накарда, маҳсулоти ғайристандартиро ба фурӯш гузошта, ҷони даҳҳо нафар аз ҳамдиёрони худро зери хатар мегузоранд.
Бо назардошти хулосаи мутахассисони раёсати «Тоҷикстандарт» аз тарафи комиссияи махсуси муштараки ниҳодҳои назоратӣ санади махсус таҳия гардида, маҳсулоти мусодирашуда дар ҷои махсус нобуд карда шуд.
Нисбат ба соҳибкорони номбаршуда аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим парванда оғоз гардида, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба прокуратураи ноҳия ирсол гардид.
Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми хариди маҳсулоти хурока ба мӯҳлати истеҳсол ва истифодабарии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар сурати шубҳавор будани маҳсулот ҳатман ба ниҳодҳои назорати давлатӣ муроҷиат намоянд.








Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид






