Ишкошим: 3 ҳазору 56 шиша арақи худсохт мусодира гардид

Июнь 21, 2019 09:19

ХОРУҒ, 21.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ишкошим, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек  Юсуфбеков дар дохили мошини тамғаи «Дулан», рақами давлатиаш 69 52 ОДЕ 01, ки ба ронанда Раҳматхон Ашрафов, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, дар ҳаҷми 227 қуттӣ машруботи спиртии гуногунтамға,  ки дар маҷмӯъ 3 ҳазору 56 шишаи арақро ташкил медоданд, ошкор ва мусодира гардид.

Тавре корманди маркази матбуоти  РВКД дар ВМКБ Кароматулло Абдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ дод, ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят  дар баробари таъмини тартиботи ҷамиятӣ ва риояи волоияти қонун, ҳамчунин дар самти ҳифзи манифатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини  бехатарии маҳсулоти хурокворӣ» низ тадбирҳои назаррас меандешад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ муайян гардид, ки қуттиҳои машруботи спиртӣ  ба соҳибкорони инфродии деҳаи Ишкошим Рузихон Акрамхонов, Иброҳим Зераков, Пулодбек Юсуфбеков ва сокини деҳаи Вранги ноҳияи мазкур Азорабек Исмоилбеков тааллуқ доранд.

Озмоишгоҳи бахши вилоятии «Тоҷикстандарт»  муайян намуд, ки арақҳои мусодиракардаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда,  ба саломатии инсон  хатари ҷиддӣ доранд. Ба хусус,  машруботи ғайрсатандартӣ ба узвҳои муҳими инсон ба мисли ҷигар, мағзи сар, меъда ва дилу рагҳо зарари вазнин мерасонанд.

Мутаассифона, ин бори аввал нест, ки соҳибкорони номбурда қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро  риоя накарда, маҳсулоти ғайристандартиро ба фурӯш гузошта, ҷони даҳҳо нафар аз ҳамдиёрони худро зери хатар мегузоранд.

Бо назардошти хулосаи мутахассисони раёсати «Тоҷикстандарт» аз тарафи комиссияи махсуси муштараки  ниҳодҳои назоратӣ  санади махсус таҳия гардида, маҳсулоти мусодирашуда дар ҷои махсус нобуд карда шуд.

Нисбат ба соҳибкорони номбаршуда  аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ишкошим парванда оғоз гардида, барои андешидани   чораҳои қонунӣ ба прокуратураи ноҳия ирсол гардид.

Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ҳангоми хариди маҳсулоти хурока ба мӯҳлати истеҳсол ва истифодабарии он аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, дар сурати шубҳавор будани маҳсулот ҳатман ба ниҳодҳои назорати давлатӣ муроҷиат намоянд.

Июнь 21, 2019 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд