Мизи мудаввари САҲА оид ба худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон

Июнь 21, 2019 20:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Дшанбе таҳти унвони «10 соли худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон, имкониятҳо ва рафъи таҳдидҳои он барои фаъолияти оянда» ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур бо ибтикори дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ  дар Аврупо  (САҲА) дар Душанбе доир карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе иттилоъ доданд,  дар ин чорабинӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррирону рӯзноманигорон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии дар соҳаи рушди ВАО фаъолияткунанда, иштирок намуданд.

Дар кори мизи мудаввар иштирокчиён стратегияи сесола ва нақшаи амали Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро, ки бо дастгирии САҲА таҳия шудааст, муҳокима намуданд. Коршиносони САҲА таҷрибаҳои омӯхташуда ва намунаҳои кори беҳтаринро оиди бартариҳо ва хусусиятҳои худтанзимкунии ВАО баррасӣ намуда, ба ҳозирин дар бораи фаъолияти шӯрои ВАО дар минтақаи САҲА иттилоъ доданд.

Роҳбари  Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Валериу Кивер ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ВАО дар кишвар арзи сипос намуда,  чунин зикр кард: «Дафтари мо омода аст Ҳукумати Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми тоҷикро минбаъд низ барои беҳтар намудани озодии сухан, гуногунандешии ВАО ва дастрасӣ ба иттилоот дар кишвар дастгирӣ намояд».

Июнь 21, 2019 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд