ММТ: муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ тамдид карда шуд

Июнь 21, 2019 16:08

ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30  июни соли равон  тамдид  гардид.  Ба  таваҷҷуҳи  довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1 март то 30 апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ то 30 июн тамдид карда шуд.

Дар ин бора аз Маркази мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ дар 2 нуқтаи бақайдгирии шаҳри Душанбе, ки дар заминаи муассисҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва  №100-и ноҳияи Шоҳмансур ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.

Довталаби хоҳишманд метавонад барои аз нав сабти ном кардан ҷиҳати иваз намудани интихобҳои аввалаи худ ба яке аз ин нуқтаҳо муроҷиат намояд.

Маълумоти муфассалро дар бораи марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз эълон («Марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ»), ки дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/1019-marhalai-ilovagi-2019.html) нашр карда шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

Июнь 21, 2019 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд