ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

Июнь 29, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 29.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ  ҳаво  тағйирёбанда шуда,   борони кӯтоҳмуддат  меборад.Раъду барқ ба амал меояд.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шарқии вилоят боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда,   дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония ва  дар баъзе ҳолатҳо бо  шиддатнокии  то 12-17 метр дар як сония   мевазад.   Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 20+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва  рӯзона 16+21 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда,   дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония ва  дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 15+20 ва рӯзона 25+30 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбанда буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония вазида,  дар баъзе ноҳияҳо шиддатнокии он то 13-18 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 17+19 ва  рўзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 29, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд