ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои шарқии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






