Пешвои миллат дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Июнь 24, 2019 14:13

ДУШАНБЕ, 24.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 24 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик ошно шуданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он соли 2015 оғоз ёфта буд. Иншоот дар масоҳати 0,44 гектар замин бунёд гардида, барои фаъолияти пурсамар дар он шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино аз 14 утоқи корӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин бинои навбунёд дорои ҳаммом, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон буда, мувофиқи лоиҳа, масоҳати худи бино 496, 47 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тамоми утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ таъмин буда, минбаъд имконият медиҳад, ки бо истифода аз ин шароит ба аҳолии ноҳия хизматрасонии босифату саривақтии коммуналӣ расонида шавад. Ҳамзамон кормандони соҳа дар шароити мувофиқ кори худро ба роҳ хоҳанд монд.

Зимни шиносоӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа дастур доданд, ки шароити фароҳамовардашударо босамар истифода бурда, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолии ноҳия боз ҳам беҳтар намоянд.

Намои берунии бинои Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» бо назардошти талаботи мусоири шаҳрсозӣ ва санъати баланди меъморӣ ороиш ёфта, гирду атрофи иншоот бо гулу буттаҳои зебо зинат дода шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Корез – лоиҳа» таҳия гардидааст.

Кормандони Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар ноҳияи Нуробод ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин туҳфаи арзанда дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Абубакр” дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод 24.06.2019

Июнь 24, 2019 14:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд