Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сенро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Хун Сенро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Камбоҷа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолгардонии муносибатҳои судманд бо Шоҳигарии Камбоҷа манфиатдор мебошад.
Сарвазири Камбоҷа ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Камбоҷа густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсолу коркарди пӯсту пашм, бунёди корхонаҳои муштараки нассоҷиву дӯзандагӣ оид ба истеҳсоли либосу пойафзол дар Тоҷикистонро зарур шумурданд.
Пешниҳод гардид, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ таъсис дода шавад.
Ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоти маҳсулоти тайёри нассоҷӣ, фаъолгардонии мубодилаи молии байни ду кишвар тавассути баргузории бизнесфорумҳо ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони ду кишвар низ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо барои ҳар ду ҷониб судманд, баррасӣ гардид.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон






