Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон муаррифӣ гардид

Июнь 3, 2019 16:11

ДУШАНБЕ, 03.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои андозсупорандагон  Портали хизматрасониҳои  электрониро роҳандозӣ намуд, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими рӯнамоии он баргузор гардид»,- итилоъ медиҳад  хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Дар маросими рӯнамоӣ муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода зикр кард, ки  Портали мазкур 36 намуди хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд,  дар худ ҷой намудааст.

«Портали мазкур  барои  фароҳам овардани  шароити мусоид  ба андозсупорандагон ва осон гардонидани истифодаи   хизматрасониҳои электронӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозӣ  нақши муассир мегузорад. Роҳандозии он барои пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта байни андозсупоранда ва  корманди мақомоти андоз  мусоидат менамояд», -афзуд номбурда.

Бояд тазаккур дод, ки Портали хизматрасониҳои  электронӣ барои андозсупорандагон бо мақсади  иҷрои дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва  бонкҳои  мамлакат 10 майи  соли равон баён намуда буданд, таҳия ва роҳандозӣ гардидааст.

Дар маросими рӯнамоии Портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ иштирок доштанд.

Июнь 3, 2019 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон ба 42,5 миллиард сомонӣ баробар шуд
Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд