Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод Майдони Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд

Июнь 25, 2019 08:19

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин Майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукуҳу шаҳомати нав зам менамояд. Қобил ба зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.

Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 ба 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонида шуданд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Тоҷикобод иқдоми нек арзёбӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Ҳамчунин дар назди Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни бунёди Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 2,30 гектар бунёд гардида, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия хоҳад шуд. Тарҳ ва симои боғи бунёдшаванда пурра ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, дар рафти рангуборкунию ороиши он усулҳои миллӣ низ истифода мешавад.

Дар назар аст, ки боғи мазкур то истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, баъди ба истифода додани он наздики 20 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Тоҷикобод 25.06.2019

Июнь 25, 2019 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон