Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Муассисаи тиббӣ бо истифода аз технологияи рақамӣ фаъолият намуда, тамоми марҳилаҳои хизматрасонӣ, аз бақайдгирии беморон то ташхис, табобат ва дастрас намудани натиҷаҳои муоина дар низоми ягонаи иттилоотӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар беморхона 186 мутахассиси ватанию хориҷӣ, аз ҷумла табибон, ҳамшираҳои тиббӣ, мутахассисони озмоишгоҳ ва кормандони маъмурӣ ба кор қабул шудаанд. Оянда бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти шуъбаҳо то 420 мутахассис соҳиби кори доимӣ мешаванд.
Дастгоҳҳои ташхисии муассиса бо имкониятҳои зеҳни сунъӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташхиси дақиқи бемориҳои мағзи сар, дил, шуш, сутунмуҳра ва дигар узвҳо пешбинӣ гардидааст.
Худкорсозии равандҳо, усулҳои муносиби пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои муосир робита бо беморон ва расмиёти маъмуриро коҳиш дода, ба кормандони тиб имкон медиҳанд, то вақти бештари худро ба муҳимтарин масъала, яъне барқарорсозии саломатии инсон равона созанд.
Беморхона бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, озмоишгоҳӣ ва тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ки миёни ин таҷҳизот дастгоҳи томографияи магнитӣ-резонансии бо иқтидори 3 Тесла мавқеи махсус дорад.
Ҳамчунин, беморхона дорои дастгоҳи ангиографӣ барои ташхису муолиҷаи бемориҳои рагҳои хунгард, маммографияи рақамии сеандоза ва таҷҳизоти муосири рентгенӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои техникии муассиса барои анҷом додани таҳқиқоти мураккаби тиббӣ, ташхиси барвақтии бемориҳо, гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ мусоидат менамоянд.
Дар баробари ин, дар беморхона хизматрасониҳои махсуси кардиология, педиатрия, неврология, нейрохирургия, урология, гинекология, офталмология, стоматология ва дигар самтҳои тиббӣ ба роҳ монда шудаанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шуъбаи махсуси чек ап (сheck-up) низоми мукаммали муоинаи пешгирикунандаро пешниҳод намуда, барои арзёбии вазъи умумии саломатӣ ва ошкорсозии саривақтии бемориҳо пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, дар беморхона барои фароҳам овардани шароити будубоши беморон ва кормандон ошхона бо 150 ва маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Беморхонаи байналмилалии Душанбе дар баробари хизматрасониҳои муосири тиббӣ, барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҳамзамон ҳамчун маркази илмӣ ва таълимӣ рушд намуда, фароҳам овардани замина барои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони тиббӣ ба интиқоли таҷрибаи байналмилалӣ, рушди кадрҳои ватанӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосири тиббӣ мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои иншооти нав, риояи меъёрҳои байналмилалии хизматрасонии тиббӣ ва таваҷҷуҳи доимӣ ба саломатии шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин муассисаи муосири тиббӣ дар пойтахти кишвар дар роҳи таҳкими инфрасохтори тандурустӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешрафтаи тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ қадами муҳим ба шумор меравад.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд






