Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдони марказии ноҳияи Лахшро бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муҷассамаи аввалин асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ рамзи давлатдории қадимаи тоҷикон бо пояаш 8 метрро ташкил медиҳад.
Он аз ҷониби ҳунармандон ва ҳайкалсозони Донишкадаи рассомии кишвар сохта шудааст.
Барои сохтмони муҷассама сокинони ноҳия бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю ободгаронаи Ҳукумати кишвар камари ҳиммат баста, онро аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони ватандӯст бунёд карданд.
Дар майдони марказии ноҳия дар баробари муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мардуми ноҳияи Лахш тавассути ҳашар Нишони давлатиро бо баландии 14 метр сохта мавриди баҳрабардорӣ омода карданд.
Бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромада, омили муҳими муаррифии давлату миллати тамаддунофар ва рамзи ифтихори мардуми фарҳангсолору ватанхоҳи тоҷик мебошад.
Дар ноҳияи Лахш дар шафати варзишгоҳи марказӣ аз тарафи сокинони ноҳия Парчами миллӣ сохта ба истифода дода шуд, ки майдони он макони сайру тамошои мардуми меҳнаткаши ноҳия гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти кишвар рушд карда истодаанд.
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум шароити созгор фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳияи Лахш низ барои истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёду ба истифода додани иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми сокинони ноҳияи Лахш барои бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.









Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд






