Президенти Шри-Ланка аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд

Июнь 14, 2019 14:22

ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена, ки барои иштирок  дар 5-умин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Душанбе  ташриф овардааст,   баҳри шиносоӣ бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. 

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз муассисаи  мазкур иттилоъ   доданд,   меҳмононро дар назди даромадгоҳи асосии бинои Осорхона  муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва директори Осорхона Абдувалӣ Шарифзода пешвоз гирифтанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмон  дар сатҳи баланди касбӣ бо забони англисӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.

Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ меҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик шинос гардиданд. Меҳмонон тавассути толорҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз таърихи бой ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бештар огаҳӣ пайдо намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена зимни мусоҳиба бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баён намуд, ки  дар  Тоҷикистон беҳтарин осорхона бунёд  гардидааст.

Майтрипала Сирисена ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуд.

Президенти Шри-Ланка Майтрипала Сирисена дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, 14 июни 2019.

Июнь 14, 2019 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид