Рэкспорт гардидани беш аз 100 тонна хурмои пастсифат аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2019 09:18

ДУШАНБЕ, 06.06.2019/АМИТ «Ховар»/. 106 тонна хурмои воридотӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» пастсифат арзёбӣ гардида,  дар доираи ҳамкорӣ бо  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави гумрукии ҷумҳурӣ реэкспорт  карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» иттилоъ доданд,  мутахассисони «Тоҷикстандарт» зимни гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ ва ташхиси хурмо, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ ворид гардидааст, муайян намуданд, ки маҳсулот аз рӯи сифату бехатарӣ ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нест ва  ба ин маҳсулот сертификати мутобиқат дода нашуд.

Тибқи иттилои сарчашма, баъзе аз соҳибкорон барои ба даст овардани даромади бештар талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро вайрон намуда, маҳсулоти хӯроквории муҳлати истеъмолаш гузашта, пастсифат ва ба саломатии инсон хатарнокро ба ҷумҳурӣ  ворид менамоянд.

Дар ин робита, мунтазам бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Новобаста ба тақвияти чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳии мутахассисони «Тоҷикстандарт» дар марказҳои савдо ва бозорҳо камбудию норасоиҳо вуҷуд доранд, ки ислоҳи он, пеш аз ҳама ба масъулият ва ҳалолкории соҳибкорону фурӯшандагон, ҳамчунин масъулони бозорҳо вобастагӣ  дорад.

Аз ҷониби дигар, истеъмолкунандагон низ аз ҳуқуқҳои худ бояд истифода бурда, дар вақти харидорӣ намудани ин ё он намуди маҳсулоти хӯрока  ва ё молҳои ниёзи мардум, пеш аз ҳама ба санаи истеҳсол ва муҳлати истеъмол эътибор дода, дар ҳолати зарурат сертификати мутобиқати маҳсулотро аз фурӯшанда талаб намоянд. Харидор ҳуқуқ дорад дар вақти набудани сертификат он маҳсулотро харидорӣ накунад ва дар сурати вайрон гаштани ҳуқуқҳояш ба мақомоти «Тоҷикстандарт» муроҷиат намояд.

Июнь 6, 2019 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад