«СУҒД-2019». Дар доираи баргузории ин ярмарка Форуми ҳунармандон доир мегардад
ХУҶАНД, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд — 2019» баргузор мегардад. Дар ярмаркаи мазкур иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федерасияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон дар назар аст. Дар он ҳамчунин соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе низ ширкат менамоянд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, ярмаркаи мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Суғд рӯи кор омада, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир маҳсуб мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд — 2019» ташкили Форуми байниминтақавии дар мавзӯи «Ҳамкорӣ, имкониятҳо ва дурбинӣ», «Башаклдарории системаи нақлиётӣ-логистикӣ, барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид: имкониятҳо ва талабот», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона VI», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.
«Соли равон дар доираи баргузошавии ярмаркаи зикршуда бахшида ба 150-солагии аввалин дар уезди Хуҷанд ярмаркаи Осиёимиёнагии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ (соли 1869), Форуми якумини ҳунармандон низ доир мегардад», -афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфт, ки ин аз сатҳи баланд касб намудани он дарак медиҳад.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо, иштироки беш аз дусад нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ наздик аз даҳ давлатҳои хориҷи дуру наздик ва бист ташкилоти байналхалқӣ дар ярмаркаи соли гузашта буд. Ин ҳама муваффақиятро метавон бевосита ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ташкили майдони озод барои дарёфти ҳамкорони тиҷоратӣ дар арсаи минтақаи ИДМ ва ҷаҳон вобаста намуд.








Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд






