«СУҒД-2019». Дар доираи баргузории ин ярмарка Форуми ҳунармандон доир мегардад

Июнь 17, 2019 10:04

ХУҶАНД, 17.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд — 2019» баргузор мегардад. Дар ярмаркаи мазкур  иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратӣ аз Федерасияи Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, давлатҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Чин, Афғонистон дар назар  аст. Дар он ҳамчунин   соҳибкорону ҳунармандон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва  ноҳияҳои тобеи марказ  ва  шаҳри Душанбе  низ ширкат менамоянд.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода,  ярмаркаи мазкур дар доираи қарори раиси вилояти Суғд рӯи кор омада, ҳадафи баргузории он дастгирии рушди савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоягузорӣ ва воридоти технологияҳои муосир  маҳсуб мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар рӯзҳои баргузории ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд — 2019» ташкили Форуми байниминтақавии дар мавзӯи «Ҳамкорӣ, имкониятҳо ва дурбинӣ», «Башаклдарории системаи нақлиётӣ-логистикӣ, барои кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоид: имкониятҳо ва талабот», муаррифии иқтидорҳои сармоя ва нақша-бизнесҳои соҳибкорони ҷавони Суғд дар доираи баргузории клуби мубоҳисавии «StartUp -Чойхона VI», озмуни вилоятии «Маҳсулоти беҳтарин», вохӯриву суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва мастер-классҳо байни намояндагони ширкатҳо, инчунин  ба имзорасонии шартномаҳо дар назар аст.

«Соли равон дар доираи баргузошавии ярмаркаи зикршуда  бахшида ба 150-солагии аввалин дар уезди Хуҷанд ярмаркаи Осиёимиёнагии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ (соли 1869), Форуми якумини ҳунармандон низ доир мегардад», -афзуд манбаъ.

Бояд гуфт, ки  ярмаркаи мазкур дар муддати кӯтоҳ аз чорабинии минтақавӣ ба намоишгоҳи байналмилалӣ табдил ёфт, ки ин аз сатҳи баланд касб намудани он дарак медиҳад.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо, иштироки беш аз дусад нафар соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ наздик аз даҳ давлатҳои хориҷи дуру наздик ва бист ташкилоти байналхалқӣ дар ярмаркаи соли гузашта буд. Ин ҳама муваффақиятро метавон бевосита ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат ва ташкили майдони озод барои дарёфти ҳамкорони тиҷоратӣ дар арсаи минтақаи ИДМ ва ҷаҳон вобаста намуд.

Июнь 17, 2019 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид