ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ. Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар телевизиони «Kazakh TV»-и Қазоқистон намоиш дода шуданд

Июнь 28, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон яке аз телевизионҳои маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон – «Kazakh TV»  доир ба махсусиятҳову мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳа бо забонҳои қазоқӣ ва русӣ филм ва барномаи телевизиониро пахш намуд. Филм бо номи «Тоҷикистон» таҳия гардида, як нашри барномаи маъруфи  телевизиони «Kazakh TV» — «Regional focus» ба Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.

Дар  намоишҳои мазкур, беш аз 90 дарсад кӯҳистон будан,  пиряхҳои азим, обҳои фаровон, кӯлҳои зебо, табиати нодиру рангоранг, чашмаву обҳои шифобахш, унсурҳои  махсуси фарҳангӣ ва амсоли инҳо аз омилҳое номбар шуданд, ки диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд ва дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя омилҳои сайёҳии фарқкунанда ба ҳисоб мераванд.

Барномаи телевизионии «Regional focus» бештар сари ҳунарҳои мардумӣ, махсусан санъати чӯбтарошӣ тамаркуз мекунад. Дар барнома чӯбтарошӣ мероси таърихии миллати тоҷик муаррифӣ шуда, маҳорати волои устоҳои тоҷик, таҷассум гардидани унсурҳои фарҳангию таърихӣ дар он ва биноҳои гаҷкоришуда тавсиф мешаванд.

«Кохи Наврӯз» яке аз олитарин намунаҳои санъати меъмории миллати тоҷик  ёд мегардад, ки бо истифода аз технологияи муосир бо омезиши усулҳои навини меъморӣ ва ҳифзи унсурҳои таърихию фарҳангӣ сохта шудааст.

Ба назари таҳиягарони намоиш, «Кохи Наврӯз» дар Осиёи Марказӣ ва минтақа назир надорад ва шукуҳу шаҳомати он барои сайёҳон бисёр ҷолиб аст.

Бояд тазаккур дод, ки чанд рӯз қабл «Кохи Наврӯз» ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон,  дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як гурӯҳ журналистони Ҷумҳурии Қазоқистон  баҳри инъикоси имконият ва ҷаззобиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Кумиати рушди сайёҳӣ ба мамлакат ташриф оварда буданд. Ба хотири муҳайё намудани шароити хуби банаворгирӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пресс тур ташкил гардида, аз натиҷаи он як қатор силсилабарномаҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон таҳия ва намоиш дода шуданд.

Июнь 28, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид