ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ. Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар телевизиони «Kazakh TV»-и Қазоқистон намоиш дода шуданд
ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон яке аз телевизионҳои маъруфи Ҷумҳурии Қазоқистон – «Kazakh TV» доир ба махсусиятҳову мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ин соҳа бо забонҳои қазоқӣ ва русӣ филм ва барномаи телевизиониро пахш намуд. Филм бо номи «Тоҷикистон» таҳия гардида, як нашри барномаи маъруфи телевизиони «Kazakh TV» — «Regional focus» ба Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Дар намоишҳои мазкур, беш аз 90 дарсад кӯҳистон будан, пиряхҳои азим, обҳои фаровон, кӯлҳои зебо, табиати нодиру рангоранг, чашмаву обҳои шифобахш, унсурҳои махсуси фарҳангӣ ва амсоли инҳо аз омилҳое номбар шуданд, ки диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд ва дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя омилҳои сайёҳии фарқкунанда ба ҳисоб мераванд.
Барномаи телевизионии «Regional focus» бештар сари ҳунарҳои мардумӣ, махсусан санъати чӯбтарошӣ тамаркуз мекунад. Дар барнома чӯбтарошӣ мероси таърихии миллати тоҷик муаррифӣ шуда, маҳорати волои устоҳои тоҷик, таҷассум гардидани унсурҳои фарҳангию таърихӣ дар он ва биноҳои гаҷкоришуда тавсиф мешаванд.
«Кохи Наврӯз» яке аз олитарин намунаҳои санъати меъмории миллати тоҷик ёд мегардад, ки бо истифода аз технологияи муосир бо омезиши усулҳои навини меъморӣ ва ҳифзи унсурҳои таърихию фарҳангӣ сохта шудааст.
Ба назари таҳиягарони намоиш, «Кохи Наврӯз» дар Осиёи Марказӣ ва минтақа назир надорад ва шукуҳу шаҳомати он барои сайёҳон бисёр ҷолиб аст.
Бояд тазаккур дод, ки чанд рӯз қабл «Кохи Наврӯз» ба феҳристи «8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» пазируфта шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли равон, дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ як гурӯҳ журналистони Ҷумҳурии Қазоқистон баҳри инъикоси имконият ва ҷаззобиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Кумиати рушди сайёҳӣ ба мамлакат ташриф оварда буданд. Ба хотири муҳайё намудани шароити хуби банаворгирӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пресс тур ташкил гардида, аз натиҷаи он як қатор силсилабарномаҳо оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон таҳия ва намоиш дода шуданд.








Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд






