ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ. Маҷаллаи «Философия отдыха» аз хусуси ҷаззобиятҳои сайёҳии Тоҷикистон навиштааст
ДУШАНБЕ, 20.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи машҳури русӣ — «Философия отдыха», ки оид ба масъалаҳои сайёҳӣ мавод нашр мекунад, зери унвони «Таджикистан в зеркале международного рынка туризма» аз зебогиҳо ва имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавсиф намудааст. Ин мақола дар нашри моҳи июн ба табъ расида, ба шумораи 18-и маҷаллаи мазкур рост меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мақола имкониятҳои сайёҳии кишвар таҳлил шуда, аз минтақаи Помир «боми ҷаҳон» ном гирифта мешавад. Бо ёдоварӣ аз мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои минералӣ ва чашмаҳои шифобахш таъкид мегардад, ки Тоҷикистон бузургтарин иқтидори сайёҳиро дар минтақа доро мебошад. 93 дарсад кӯҳистон будани ҳудуди мамлакатро яке аз махсусиятҳои беназири сайёҳӣ дар минтақа меномад. Дар хулоса аз талошҳои раҳбарияти кишвар барои рушди бемайлон сайёҳӣ тавсиф карда, фаъолияти озоди ширкатҳои сайёҳӣ ва имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳо ва ҳунармандон барои пешрафти сайёҳиро афзалият рушди соҳа донистааст.
Маҷаллаи «Философия отдыха» дар шакли ранга дар моҳе як маротиба чоп мешавад. Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Москва қароргоҳ дошта, дар шаҳрҳои калонтарин Россия ва дигар кишварҳо паҳн мешавад. Тиражи маҷалла 35 ҳазор буда, дар интернет (filosofiaotdyha.ru/архив-номеров/) ҳам дастрас аст. Бино ба пурсишҳои сотисологӣ хонандагонаш асосан синну соли 25-55-соларо дар бар мегиранд.








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






