Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали ХХI байналхалқии истеъдодҳои наврас ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали ХХI байналхалқии истеъдодҳои наврас бо номи «Бозторгай» баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин фестивал ду нафар соҳибистеъдод — донишҷӯи Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд Сурайё Акрамова ва дастпарвари Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Камолиддин Худоймерганов муаррифӣ карданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивали мазкур ҳамчунин намояндагони Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Италия, Булғория ва Исроил ҳунарнамоӣ карда, ба иштирокдорон санъати миллии хешро намоиш доданд.
«Ҳунармандони навраси тоҷик аз рӯи жанри навозандагӣ баромад карда, санъати асили тоҷиконро ба ҳозирин пешниҳод намуданд. Ҳакамон, ки иборат аз мутахасисони варзидаи соҳаи санъат, ҳунармандони машҳури мамлакатҳои дар озмун ширкаткунанда буданд, ба санъати нотакрори намояндагони ҷумҳурии мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, ба Сурайё Акрамова дар гурӯҳи синнусолии худ ҷои аввал ва ба Камолиддин Худоймерганов дар гурӯҳи дигар ҷои дуюмро муносиб донистанд»,-илова намуд манбаъ.








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






