Вакилони мардумӣ масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯрокаи ғанигардонидашуда ва оби нӯшокиро баррасӣ намуданд

Июнь 3, 2019 14:09

ДУШАНБЕ, 03.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» -ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  бо қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов»  бехатарии оби нӯшокӣ, таъмини сифат ва бехатарии обҳои партов, назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба оби нӯшокӣ ва обҳои партов беҳтар мегардад.

«Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади пешгирии бемориҳои камхунии норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи «В», йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ сабаби фавти бармаҳали модарону кӯдакон гардидаанд ва ба маъюбӣ, аз ҷумла кретинизм оварда мерасонанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст», -афзуд манбаъ.

Аъзои Шӯрои  Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарори дахлдор қабул намуданд.

Июнь 3, 2019 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид