Вакилони Парлумон ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд. Тибқи сархати ҳафтуми қисми 1, моддаи 76-и Қонуни мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳоро дар байни муовинон худ тақсим мекунад. Дар доираи тағйироти пешниҳодгардида, минбаъд вазифаҳо дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабӣ дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим карда мешавад.
Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти роҳбарияти он ва дақиқ намудани уҳдадориҳои мансабии раис ва муовинони ин ниҳод мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ба рушди соҳаи маориф, аз ҷумла самти таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии аҳолии мамлакат вобаста ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, инчунин бо мақсади рушд ёфтани соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонии хӯроки умумӣ нигаронида шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






