Вакилони Парлумон ба Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд

Июнь 25, 2019 15:21

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамоянд. Тибқи сархати ҳафтуми қисми 1, моддаи 76-и  Қонуни мазкур раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳоро дар байни муовинон худ тақсим мекунад. Дар доираи тағйироти пешниҳодгардида, минбаъд вазифаҳо дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои мансабӣ  дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон тақсим карда мешавад.

Дар ин бора аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.

Зикр гардид, ки мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти роҳбарияти он ва дақиқ намудани уҳдадориҳои мансабии раис ва муовинони ин ниҳод мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ба рушди соҳаи маориф, аз ҷумла самти таълиму тарбияи насли наврас ва дастгирии аҳолии мамлакат вобаста ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, инчунин бо мақсади рушд ёфтани соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонии хӯроки умумӣ нигаронида шудааст.

Июнь 25, 2019 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд