«ВАЗЪИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ВАО». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир мегардад

Июнь 18, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 июни соли равон, соати 9 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ 40) таҳти унвон «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташкилкунандагони конференсия ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 ба қатори мақомоти санҷишгар дохил шудааст ва дар се сол як маротиба  вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон санҷида мешаванд.

Кумитаи мазкур тибқи нақшаи санҷишӣ, ки дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, соли 2018 як қатор рӯзномаҳои давлативу мустақилро мавриди санҷиш қарор дода, ба ҳар як рӯзнома хулоса аз натиҷаи санҷишро фиристод. Дар робита ба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО 2 майи соли равон хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода ҳамсуҳбат гардид.  (Ниг: «Хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат»; АМИТ «Ховар», 2 майи соли 2019). 

Раиси Кумита Гавҳар Шарофзода зимни суҳбат зикр кард, ки дар ин давра вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусан, фаъолияти коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар  рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета», «Тоҷикистон», «СССР» ва ғайраҳо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз натиҷаи санҷиш ба идораҳои мазкур хулосаи Кумита пешниҳод гардид.

Дар ниҳояти суҳбат Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода таъкид намуд, ки вазифаи намояндагони ВАО ҳамчун таблиғгарони асосии забони меъёр ҳифзи асолату тозагии забон мебошад. Агар намояндагони ВАО ба ғалатнависиҳо роҳ диҳанд ё қоидаҳои имлои муқарраршударо риоя накунанд, хонандаву бинандаву шунаванда раҳгум мезананд. Ба ҳамин хотир нақши ВАО, хусусан маҷаллаю рӯзномаҳо дар рушди забони  давлатӣ хеле назаррас бояд бошад.

 

 

Июнь 18, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд