«ХАТ ҒАЛАТ, ИМЛО ҒАЛАТ, ИНШО ҒАЛАТ, МАЪНО ҒАЛАТ». Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода дар бораи натиҷаҳои санҷиши вазъи риояи муқаррароти Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат

Май 2, 2019 09:59

ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 ба қатори мақомоти санҷишгар дохил шудааст ва дар се сол як маротиба  вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон санҷида мешаванд. Дар робита ба вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ   бо Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар ШАРОФЗОДА  ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кадом  воситаи ахбори оммаи  давлативу мустақилро мавриди санҷиш қарор дод? Вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ВАО   чӣ гуна аст?

Гавҳар Шарофзода: Кумита тибқи нақшаи санҷишӣ, ки дар асоси банди 27-и моддаи 10-и Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, соли 2018 як қатор рӯзномаҳои давлативу мустақилро мавриди санҷиш қарор дода, ба ҳар як рӯзнома хулоса аз натиҷаи санҷишро фиристод.

Аз ҷумла, дар ин давра вазъи риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» хусусан, фаъолияти коргузорӣ ва риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар  рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Халқ овози», «Народная газета», «Тоҷикистон», «СССР» ва ғайраҳо мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Аз натиҷаи санҷиш ба идораҳои мазкур хулосаи Кумита пешниҳод гардид.

Тибқи хулосаи Кумита, дар рӯзномаҳои мазкур камбудиҳои риоя нагардидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҷой доштанд, ки дар муҳлати муқарраршуда ислоҳ гардиданд ва аз натиҷаи он ба Кумита ҷавоби расмӣ ирсол гардид.

Ягона рӯзномае, ки то имрӯз ба Кумита ҷавоби расмии худро пешниҳод накардааст-рӯзномаи  «СССР» мебошад. Ҳангоми санҷиш маълум гардид, ки ҳарчанд коргузории рӯзномаи мазкур бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо риояи муқаррароти қисми 6-и моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» («6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад») ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ шудааст, сарфи назар шудаанд.

Ҳарчанд аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ мегардад, аммо дар рӯзномаи «СССР» то ҳол талаботи моддаҳои Қонуни мазкур риоя намегарданд. Аз он ҷумла, одитарин вожаҳо дар рӯзномаи мазкур нодуруст навишта шудаанд: ъодатҳо, ъилм, тобеъият, боъис, мавзуъи, сӯҳбат, мӯҳтарам, 2-уми, 33-уми, 86 млну, қуронӣ, байналмиллалӣ ва ғайра. Ин гуна ғалатнависиҳо хонандаро ба раҳгумӣ мебаранд, зеро онҳо дар қоидаҳои имлои муқарраршуда ба таври дигар мехонанд, вале рӯзномаҳое, ки оинаи ҳамин қоидаҳо мебошанд, онҳоро ба тарзи дигар инъикос мекунанд.

Ёддовар бояд шуд, ки қоидаҳое, ки доир ба имлои забони тоҷикӣ солҳои 1972 ва 1998 тасдиқ шуда буданд, дар асоси банди 6-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони  тоҷикӣ» аз эътибор соқит дониста шудаанд.

Албатта, баҳс атрофи бандҳои ҷудогонаи Қоидаҳои имлои амалкунанда зиёд аст ва бисёр касон баъзе аз бандҳоро ғайриилмӣ мефаҳманд, аммо ин нуктагириҳо қувваи қонунӣ надоранд ва касе ҳақ ҳам надорад, ки берун аз қоидаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда амал намояд.

АМИТ «Ховар»: Фикр мекунам, танҳо «СССР»-ро ном бурдан аз рӯи адолат намебуд. Имрӯз қариб ҳамаи рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои телевизиону радио ва сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаи АМИТ «Ховар» ҳам ғалат мекунанд ва пурра аз ғалат орӣ будан ҳам ғайриимкон аст.  

Гавҳар Шарофзода: Дуруст аст, зеро бузурге фармудааст:

Хатти тақдир аст берун аз ғалат,

Беғалат, Бедил, набошад хеҷ хат.

Аммо, ғалатҳои имлоӣ ва китобатӣ имрӯз  дар ҳамаи ВАО, алалхусус дар рӯзномаи «СССР» нисбатан зиёдтар ба назар мерасанд. Риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, хусусан аз ҷониби намояндагони ВАО ҳатмист, зеро ВАО ҳамчун оина инъикоскунандаи забон мебошад. Мутахассисони Кумита ҳам ҳангоми санҷиш ба кормандони муассисаву идораҳое, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд, тавсия медиҳанд, ки ҳангоми навишт ба Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ як назар афкананд. Санҷиш нишон дод, ки мақомоти зиёд на Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ доранду на аз Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ истифода мебаранд. Масалан, вақти навиштану гуфтан «кушиш»-ро аз «кӯшиш» фарқ намекунем, ки ин ғалат метавонад сабаби нороҳатии зиёд гардад. Саъдӣ гуфтааст:

Савоб аст пеш аз кушиш банд кард,

Ки натвон сари кушта пайванд кард.

Ва Сайидои Насафӣ мегӯяд:

Ҳалда шуд пушти камону тир шуд паррехта,

Қувват аз пирону кӯшиш аз ҷавонон бурдаанд.

АМИТ «Ховар»: Ҳозир дар ҳамаи рӯзномаҳо, барномаҳои ТВ, шиору овезаҳо менависанд: 25-сол пеш, 8-март, 30- соли Истиқлолият… оё дар чунин ибораҳо нимтире (дефис) ғалат гузошта нашудааст?

Гавҳар Шарофзода: Бале, чунин тарзи навишт ғалат аст. Тибқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар чунин ҳолатҳо нимтире гузошта намешавад. Агар «30 — соли Истиқлолият» нею «30-солагии Истиқлолият» мебуд, он гоҳ дуруст буд. Ёдовар бояд шуд, ки ҳарчанд тире ва нимтире (дефис) аломатҳои китобатианд, аммо тарзи навишти нимтире (дефис), ки вазифаи морфологиро бар дӯш дорад, дар Қоидаҳои имло дода шудааст.  Мавриди гузоштани тире, ки вазифаи синтаксисиро иҷро мекунад, дар Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ шарҳ ёфтааст.     Ин гуна ғалатҳо дар маводи  рӯзномаву маҷаллаҳо ва матни  шабакаҳои телевизионӣ зиёд ба назар мерасанд.   Масъулон бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.  Ё гузоштани аломати вергул, баъзан мушкилот пеш меоварад. Ин мисли ибораи маъмули русии «убить, нельзя помиловать» ё «убить нельзя, помиловать»  аст, ки дар он танҳо як вергул метавонад тақдири як инсонро ҳал кунад.

АМИТ «Ховар»: Умуман, дар истифодаи аломатҳои китобатӣ дар матни бисёр мавод ва шиору овезаҳо дарҳамбарҳамӣ ба вуҷуд омадааст. Баъзе ҳамкасбони мо аломатҳои китобатиро як чизи нодаркор   мепиндоранд, мисли ронандаҳое, ки  аломатҳои сари роҳро нодида мегиранд. Барои мисол, хитоб мекунанд, ки «Соли нав муборак», «Марҳамат ба хонаи мо», вале дар охири ҷумла гузоштани аломати хитоб(!)-ро фаромӯш мекунанд…

Гавҳар Шарофзода: Бале,  чунин аст ва ин боиси таассуф аст. Зеро, риоя нагардидани қоидаҳои забон, тавре Шумо гуфтед, қариб мисли ҳамон  риоя нагардидани  қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст: дар ҳарду ҳолат ин вайронкуниҳо аз нофаҳмӣ ва нодонии одамон гувоҳӣ медиҳанд. Вақте дар матн ғалат роҳ меёбад, маъно метавонад билкул  дигар гардад, то ҷое, ки муаллиф (ё муҳаррир, мутарҷим, мусаҳҳеҳ, мусанниф)  ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Чунин мисолҳо  дар таҷрибаи ҷаҳонӣ хеле зиёданд. Тавре гуфтаанд, хат ғалат, имло ғалат, иншо ғалат, маъно ғалат.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз тамоми ВАО аз калимаҳои вузаро, ҳаводис, руасо, сутур, суфуф, уламо, ақсо, нуқот, эман, ҷамоҳир, авохир, лағв, ки бузургони миллати тоҷик, аз ҷумла устодон Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балхӣ, Умари Хаём, Саъдии Шерозӣ ва ғайраҳо дар осорашон васеъ истифода намудаанд, инчунин дар фарҳангҳои забони тоҷикӣ омадаанд, истифода мебаранд. Оё истифодаи чунин калимаҳо хато аст?

Гавҳар Шарофзода: Вожаҳои мазкур, албатта, адабиёти классикии моро зиннат медиҳанд.  Аммо «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» гуфтаанд. Хонандагони ВАО, ки аз қишри гуногуни ҷомеаанд, аз ин рў забони ВАО ба омма бояд наздик ва фаҳмо бошад. Дар фарҳангҳои забони мо муродифи  тоҷикии ин гуна калимаҳое, ки аз забони арабӣ иқтибос шудаанд, кам нестанд.

АМИТ «Ховар»: Дар хулосаи Кумита зикр гардидааст, ки дар баъзе рӯзномаҳо меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ низ риоя нагардида, аз вожаҳои ба забони тоҷикӣ бегона ва нофаҳмо васеъ истифода  бурда мешавад. Дар ҳоле, ки истифодаи калимаҳо аз забонҳои дигар дар расонаҳои ҷаҳон низ маъмул аст. Масалан, экспертиза, президент, конститутсия, агентӣ, сирк, парлумон, футбол, телевизион, радио, интернет ва ғайра. Ё дар баъзе ҳолатҳо тарҷумаи ягон истилоҳи хориҷӣ  ҳамон мафҳумро ифода намекунад. Ягон дастуре ҳаст, ки истифодаи вожаҳои иқтибосиро дар забони адабӣ танзим  намояд?

Гавҳар Шарофзода: Ягона дастур барои ҳар як соҳибзабони қаламбадаст, ки пайи эҷод аст, нангу номус ва эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷониби ӯст. Дар тӯли зиёда аз ҳазор сол фазои лексикии забонамонро калимаҳои иқтибосӣ чунон печида гирифтаанд, ки имрӯз танҳо 36% калимаҳои аслии забони адабии тоҷикӣ (ҳолати забони гуфтугӯӣ аз ин ҳам бадтар аст) боқӣ мондаанду халос.

Ба ҳамин хотир  меъёрҳои забони тоҷикӣ амал мекунанд. Меъёрҳои забонӣ  ба забони  адабӣ кумак мерасонанд, ки тозагӣ ва оммафаҳм будани худро ҳифз намояд. Онҳо забони адабиро аз ворид гардидани калимаҳои лаҳҷавӣ, иқтибосоти ноҷоиз ва жаргонҳо муҳофизат менамоянд. Ин ба забони адабӣ имкон медиҳад, ки дар доираи меъёрҳои таърихии худ рушд намояд.

Асолати забони меъёрро танҳо меъёрҳои муайян, ки дар тӯли таърих сайқал ёфтаанд, нигоҳ медоранд. Қисмати осебпазири забон таркиби лексикии он маҳсуб меёбад. Ҳар қадаре вожаҳои бегона ба забон ворид шаванд (иқтибос шаванд), ҳамон қадар пояи лексикии забон коста мегардад ва билохира то ба фаношавии он  бурда  мерасонад. Аз иқтибос шудани вожаи бегона набояд хурсанд шуд, ки дар таркиби луғавии забон як вожае зиёд шуд, муродифе ба вожаи худӣ ба вуҷуд омад ё барои ифодаи мафҳуме калимаи наве ба забон ворид шуд. Ҳар забон қудрати офаридани вожаеро дорад, агар аз роҳҳои калимасозӣ ё истилоҳсозӣ кор гирифта шавад, он ба суди забон хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки сухан на дар бораи истилоҳот, балки доир ба вожаҳои маъмул меравад, ки мо онҳоро ҳамарӯза истифода мебарем. Истилоҳот, албатта, ба забон ҳамчун иқтибос ворид мешаванд (дар забони адабии тоҷикӣ ҳоло тахминан 2-3%-ро ташкил медиҳанд), вале он дар қолаби истилоҳсозӣ ё вожасозии тоҷикӣ  сурат мегирад: кумита, экспертиза, президент, конститутсия, агентӣ, сирк, парлумон, футбол ва ғайра истилоҳоте мебошанд, ки қисме аз онҳо дар забони тоҷикӣ мавқеи худро ёфтаанд ва бархе ба меъёрҳои забони тоҷикӣ мутобиқ карда шудаанд. Ба ҳар ҳол, ворид намудани истилоҳоти иқтибосӣ низ бояд ҳадду ҳудуд дошта бошад, ки ин масъалаи дигар аст.

АМИТ «Ховар»: Чун сухан дар бораи вожаҳои иқтибосӣ рафт, номҳои ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба хотирам расид. Баъзеҳо иддао мекунанд, ки Кумитаи забон ва истилоҳот талош дорад номи ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ, ки онҳо бренди ҷаҳонианд, аз ҷумла, Coca-Cola, McDonald’s, Pepsi ва ғайраҳо… дар Тоҷикистон ба тоҷикӣ тарҷума шаванд. Оё ин рост аст?

Гавҳар Шарофзода: Иддаои беасос аст, зеро Кумитаи забон ва истилоҳот то имрӯз нисбат ба ин брендҳои ҷаҳонӣ чунин хулоса надодааст. Брендҳои ҷаҳониро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуруфгардон (аз рӯи овонависӣ [транскрипсия])  кардан мумкин аст, аммо тарҷума карда намешаванд. Масалан, ADIDAS-ро Адидас  навиштан мумкин аст, аммо тарҷума карда намешавад.

Кумитаи забон ва истилоҳот  ба марказҳои хизматрасонӣ, ки аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд, барои номгузорӣ номи  брендҳои ҷаҳониро иҷозат намедиҳад. Зеро дар асоси моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузориҳо танҳо ба забони давлатӣ сурат мегиранд.

Аз ин рӯ, марказҳои хизматрасонӣ метавонанд ҳамчун реклама (агар иҷозати рекламаи онро дошта бошанд) брендҳои ҷаҳониро истифода баранд.

АМИТ «Ховар»: Агар як нафар, барои мисол,  мехоҳад ошхонаи шахсии таомҳои аврупоӣ боз кунад ва онро «Super» ном гузорад, оё ба ин ҳақ надорад?

 Гавҳар Шарофзода: Не, ҳақ надорад. Бигузор ба ҷои «супер» вожаҳои «олӣ» ё  «олидараҷа» ва ё  «беҳтарин»-ро ба кор барад. Дар ҷумҳурӣ ҳар сокини он бояд ба қонунҳо, арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатии мо арҷ гузорад. Бо ин роҳ мо метавонем ба тарғиб ва густариши забони тоҷикӣ ва расму оинҳои миллиамон, аз ҷумла берун аз Тоҷикистон ва дар байни шаҳрвандони хориҷӣ  мусоидат намоем, яъне он кореро кунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   пайваста моро ба иҷрои он даъват ва ҳидоят менамоянд.

АМИТ «Ховар»: Муаллимаи муҳтарам, ба андешаи Шумо дар инкишофу рушди забони давлатӣ ВАО, махсусан рӯзномаю маҷаллаҳо чӣ гуна нақш доранд?

Гавҳар Шарофзода: Мавриди зикр аст, ки забони тоҷикӣ як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, онро чун мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагии миллати тоҷик мешиносем.  Аз ин рӯ, эҳтирому арҷ гузоштан ба ин муъҷизаи миллат вазифаи ҳар як соҳибзабон аст. Ба хотири тозаю ноб нигоҳ доштани забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони давлатиро дар замони муосир танзим ва муқаррар менамояд.

Вазифаи намояндагони ВАО ҳамчун таблиғгарони асосии забони меъёр ҳифзи асолату тозагии забон мебошад. Агар намояндагони ВАО ба ғалатнависиҳо роҳ диҳанд ё қоидаҳои имлои муқарраршударо риоя накунанд, хонандаву бинандаву шунаванда раҳгум мезананд. Ба ҳамин хотир нақши ВАО, хусусан маҷаллаю рӯзномаҳо дар рушди забони  давлатӣ хеле назаррас бояд бошад.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат

Май 2, 2019 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад