Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барои наврасони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ бунёд намуд

Июнь 24, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ  дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва  макони истироҳат барои  калонсолон мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ  бунёди  ин макони варзишию фароғатӣ  барои сокинони  биноҳои  М7/1, М7/3, М7/4, М7/5,  25 ва 26-и маҳаллаи Зарафшон   беҳтарин туҳфа  гардид.

Майдончаи мазкур дар  асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2018 аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд  гардид.

Бояд илова кард, ки масоҳати умумии қитъаи замин  аз рўи лоиҳа 3700 метри мураббаъро ташкил дода, аз ин масоҳат майдончаи варзишии универсалӣ – 540 метри мураббаъ,  майдончаи бозии кӯдакон 470 метри мураббаъ,  макони истироҳати калонсолон 483 метри мураббаъ, масоҳати сабзазоркунӣ 1490 метри мураббаъ, масоҳати роҳу роҳравҳо аз сангҳои ороишӣ 1500 метри мураббаъ ва мумфаршкунии атрофи майдонча 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Майдончаи мазкур бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳудуди он бо гулу буттаҳои сабз оро дода шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2017 дар қисмати ғарбии шаҳраки 92 ва  соли 2018 дар кўчаи А. Навоӣ 57, маҳалаи 112–и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохта  ба истифода дода шудаанд.

Июнь 24, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад