ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳоти ноҳияи Шуғнон ду пули нави пиёдагард ва хати обгузар ба истифода дода шуданд
ХОРУҒ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пули нави пиёдагард мавриди истифода қарор гирифт. Сокинони деҳа, бахусус кӯдакону наврасон акнун бе тарсу ҳарос аз он ҳаракат мекунанд. Зеро моҳи июли соли 2015 сели даҳшатнок се пули пиёдагард, як пули мошингузар ва як километр роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ–Мурғоб-Кулмаро пурра аз байн бурд.
Сокини деҳаи мазкур Мирзоазиз Мирзоқандов гуфт, ки «бар асари сели мазкур ҳамчунин 56 манзил хароб гаштанд. Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат дар муддати якуним моҳ роҳсозон камари кӯҳро шикаста, роҳи нав бунёд карданд. Барои 56 оила хонаҳои замонавӣ сохта, бо тамоми асбобу аноҷоми рӯзгор таъмин карданд».
Ҳоло дар ин деҳа боз як рӯйдоди хушҳолкунандае ба амал омад. Деҳаи мазкур соҳиби пули нави пиёдагард шуд. Қаблан сокинони деҳа аз болои як пули муваққатӣ гузар мекарданд, ки дар фасли зимистон басо хатарзо буд. Калонсолон ба хотири рух надодани ягон фалокат дар назди ин пул навбатдорӣ ҷорӣ карданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули нав ҳамаи мушкилот паси сар гардид.
Дар ин рӯз дар деҳаи Вибисти ноҳияи мазкур низ пули пиёдагарди замонавӣ ба истифода шуд. Сокини ин деҳа Мавлодӯст Зайдуллоев гуфт, ки «пули кӯҳнаро аввали солҳои 70-уми асри гузашта сохта буданд ва давоми ин солҳо сутунҳояш тамоман хароб гашта буд. Бо сабаби надоштани панҷараи ҳифозатӣ давоми ин солҳо даҳҳо нафар аз сокинони деҳа ба дарё афтида, маҷрӯҳ шуданд. Пули нав аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ҳам зебо асту ҳам иқтидори борбардорияш баланд мебошад».
Хурсандии сокинони деҳаи Ғорҷвини ноҳияи мазкур низ дар ин рӯз ҳадду канор надошт. Дар ин деҳа хати обгузар дар масофаи бештар аз 9 километр ба истифода дода шуд. Дар гузашта онҳо обро аз масофаи дур, аз рӯдхонаи кӯҳӣ ба хона меоварданд. Ҳоло акнун обро аз дохили хона дастрас мекунанд. Сокини деҳаи мазкур Қирғиз Қирғизов гуфт, ки хати обгузар ба тамоми меъёрҳои экологӣ мутобиқ шудааст. Дар саргаҳи об ҳавзҳои махсуси обсофкун сохта шуда, барои ҳар як хоҷагӣ ҳисобкунакҳо насб гардидаанд. Ин барои сарфа намудани об хеле муҳим аст. Маблағи ҳаққи истифодаи об барои таъмиру тармими минбаъдаи шабакаи обрасонӣ сарф хоҳад шуд.
Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода зимни ифтитоҳи пули нав гуфт, ки дар ин сафар ба водии Ғунд дар баробари ба истифода додани пули деҳаи Барсем ҳамчунин сохтмони боз як пули дигар ба анҷом расид, ки он деҳаҳои Вибист ва Бугоди ноҳияро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳарду пули пиёдагард дар доираи лоиҳаи «Мусоидат намудан барои муқовимати ҷомеаҳо ба офатҳои табиӣ дар муҳити маҳдуди манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин рӯз сокинони деҳаи Ғорҷвини Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Об аз масофаи зиёда аз 3 километр, аз рӯдхонаи кӯҳӣ ба деҳа оварда шуд. Қубурҳои обгузар ва ҳисобкунакҳо дар дохили хонаҳо васл карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки об сарфакорона истифода шавад.









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






