ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳоти ноҳияи Шуғнон ду пули нави пиёдагард ва хати обгузар ба истифода дода шуданд

Июль 30, 2019 08:50

ХОРУҒ, 30.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон пули нави пиёдагард мавриди истифода қарор гирифт. Сокинони деҳа, бахусус кӯдакону наврасон акнун бе тарсу ҳарос аз он ҳаракат мекунанд. Зеро моҳи июли соли 2015 сели даҳшатнок се пули пиёдагард, як пули мошингузар ва як километр роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ–Мурғоб-Кулмаро пурра аз байн бурд.

Сокини деҳаи мазкур Мирзоазиз Мирзоқандов гуфт, ки «бар асари сели мазкур ҳамчунин 56 манзил хароб гаштанд. Бо супориши бевоситаи Пешвои миллат дар муддати якуним моҳ роҳсозон камари кӯҳро шикаста, роҳи нав бунёд карданд. Барои 56 оила хонаҳои замонавӣ сохта, бо тамоми асбобу аноҷоми рӯзгор таъмин карданд».

Ҳоло  дар  ин деҳа боз як рӯйдоди хушҳолкунандае ба амал омад. Деҳаи мазкур соҳиби пули нави пиёдагард шуд. Қаблан сокинони деҳа аз болои як пули муваққатӣ гузар мекарданд, ки дар фасли зимистон басо хатарзо буд. Калонсолон ба хотири рух надодани ягон фалокат дар назди ин пул навбатдорӣ ҷорӣ карданд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани пули нав  ҳамаи мушкилот паси сар гардид.

Дар ин рӯз дар деҳаи Вибисти ноҳияи мазкур низ пули пиёдагарди замонавӣ ба истифода шуд. Сокини ин деҳа Мавлодӯст Зайдуллоев гуфт, ки «пули кӯҳнаро аввали солҳои 70-уми асри гузашта сохта буданд ва давоми ин солҳо сутунҳояш тамоман хароб гашта буд. Бо сабаби надоштани панҷараи ҳифозатӣ давоми ин солҳо даҳҳо нафар аз сокинони деҳа ба дарё афтида, маҷрӯҳ шуданд. Пули нав аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ ҳам зебо асту ҳам иқтидори борбардорияш баланд мебошад».

Хурсандии сокинони деҳаи Ғорҷвини ноҳияи мазкур низ дар ин рӯз ҳадду канор надошт. Дар ин деҳа хати обгузар дар масофаи бештар аз 9 километр  ба истифода дода шуд. Дар гузашта онҳо обро аз масофаи дур, аз рӯдхонаи кӯҳӣ ба хона меоварданд. Ҳоло акнун обро аз дохили хона дастрас мекунанд. Сокини деҳаи мазкур Қирғиз Қирғизов гуфт, ки хати обгузар ба тамоми меъёрҳои экологӣ мутобиқ шудааст. Дар саргаҳи об ҳавзҳои махсуси обсофкун сохта шуда, барои ҳар як хоҷагӣ ҳисобкунакҳо насб гардидаанд. Ин барои сарфа намудани об хеле муҳим аст. Маблағи ҳаққи истифодаи об барои таъмиру тармими минбаъдаи шабакаи обрасонӣ сарф хоҳад шуд.

Раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода зимни ифтитоҳи пули нав гуфт, ки дар ин сафар ба водии Ғунд дар баробари ба истифода додани пули деҳаи Барсем ҳамчунин сохтмони боз як пули дигар ба анҷом расид, ки он деҳаҳои Вибист ва Бугоди ноҳияро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳарду пули пиёдагард дар доираи лоиҳаи «Мусоидат намудан барои муқовимати ҷомеаҳо ба офатҳои табиӣ дар муҳити маҳдуди манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар ин рӯз сокинони деҳаи Ғорҷвини Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳия ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Об аз масофаи зиёда аз 3 километр, аз рӯдхонаи кӯҳӣ ба деҳа оварда шуд. Қубурҳои обгузар ва ҳисобкунакҳо дар дохили хонаҳо васл карда шуданд. Ин имконият медиҳад, ки об сарфакорона истифода шавад.

 

 

Июль 30, 2019 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ мулоқот намуд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон соли 2023 ба маблағи беш аз 445 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор ихтирооти давлатҳои гуногуни ҷаҳон ҳифз мешаванд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварон баргузор мешавад
РОҲ БА УҚЁНУСИ ҲИНД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид анҷом доданд
Кишоварзони шаҳри Турсунзода зиёда аз 370 тонна маҳсулоти барвақтии гармхонаҳоро ба аҳолӣ пешниҳод намуданд
Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»