ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Баҳор Мирзоев дар ноҳияи Ванҷ пули пиёдагард бунёд намуд

Июль 6, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 06.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ соҳиби  пули пиёдагарди зебое бо дарозии зиёда аз чил метр ва паҳноии 2 метр гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, пул бо маблағгузории соҳибкори саховатпеша, зодаи ҳамин диёр Баҳор Мирзоев сохта шуд. Дар расми ифтитоҳи пул Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим ширкат намуда, ин икдоми соҳибкорро амали шоиста ва арзишманд номид. Сохтмони пул аз ҷониби ҶДММ  «Одил» бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, деҳаҳои Бунайи 1 ва Бунайи 2-ро ба ҳам пайваст месозад.

Ба нақли манбаъ, сокинони ин деҳаҳо солҳо аз набудани пул азият мекашиданд. Хусусан, дар фасли зимистон аз фарзандон дар хавотир буданд. Акнун бо дастур ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат ва саҳми соҳибкорони бонангу номус мушкилоти деҳаҳо бартараф мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки чанд сол пеш пули поёни деҳа низ бо дастгирӣ ва саҳми соҳибкори саховатпеша Баҳор Мирзоев сохта шуда буд ва ҳоло он ба мардум хизмат мерасонад.

 

Июль 6, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид