ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони Истаравшан дар бунёди иншооти иҷтимоӣ саҳм мегузоранд
ДУШАНБЕ, 08.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкорони истаравшанӣ омодаанд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ дар диёре, ки ба воя расидаанд, якчанд иншооти иҷтимоӣ сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони деҳаҳои шаҳри Истаравшан туҳфа намонд. Ин матлабро соҳибкорони шаҳри Истаравшан, ки дар шаҳрҳои Екатеринбург ва Красноярски Федератсияи Россия фаъолият доранд, дар мулоқот бо иҷрокунандаи Раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода изҳор доштанд.
Тавре роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан Акбар МАЪРУФОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз дошт, мақсади вохӯрӣ амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020», инкишоф додани робитаҳо бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади ҷалб намудани онҳо барои мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр мебошад.
Зимни вохӯриҳо оид ба муҳтавои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан баҳри ободу зебо гардидани шаҳр 450 адад иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки соли равон аз ҷониби соҳибкорон, саховатмандон ва аҳли ҷамоат 152 иншооти гуногун ба истифода дода шуданд.
Соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи шаҳри Истаравшан ҳама ташаббусу иқдомоти созандаи Пешвои миллатро дастгирӣ намуда, зикр карданд, ки «бунёди иншооти иҷтимоию истеҳсолиро дар деҳаҳои дурдасти диёр ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, дар бунёди онҳо кумаку мусоидат менамоем».
Аз ҷумла, соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Гули сурх омодагии худро барои бунёди як бунгоҳи тиббӣ бо таҷҳизот ва майдончаи варзишӣ дар деҳаҳои Боғи калон ва Сари мазор иброз намуданд.
Инчунин соҳибкор Хайём Ҷамолов, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Боғи Калон иқдом гирифт, ки бо мақсади ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ дар шаҳраки навбунёди «Баҳористон» маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ бо маркази фароғатиро ба истифода диҳад.
Соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Қалъачаи калон тасмим гирифтанд, ки бо мақсади ривоҷ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани 40 нафар бонувону занони хонашин коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Истаравшан баҳри сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ роҳбарии гурӯҳи кориро Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз ба уҳда дошта, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва созандагӣ дар шаҳр зери назорати доимӣ қарор дорад.








ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд






